Вазири адлия: “Худам хонаи 3-ҳуҷраӣ, ҳамсарам манзили 4-ҳуҷраӣ дорад”
Рустами Шоҳмурод (Менглиев), вазири адлияи Тоҷикистон, дар ҷараёни нишасти хабариии 23 июл дар бораи дороиҳояш низ суҳбат кард. Ӯ гуфт, қаср надорад, вале хонаводаашон соҳиби ду манзиланд, ки якеаш мутааллиқ ба ӯ ва дигареаш мутааллиқ ба ҳамсараш мебошад.
“Ростӣ, қасру кӯшк надорам. Як манзили сеҳуҷраӣ дорам, ки ба ман тааллуқ дорад. Дар шафати хонаи ман ҳамсарам хонаи чорҳуҷраӣ дорад”,-гуфт ӯ.
Вазири адлия афзуд, соҳиби автомашинаи “Hyundai Sayville” аст ва дар идома дар бораи таҳсил ва кори фарзандон ва ҳамсараш сӯҳбат кард. Рустами Шоҳмурод гуфт, се фарзанд - ду духтар ва як писар – дорад.
“Духтаронам оиладоранд. Духтари калониам ҳуқуқшинос аст, дар як ширкати хусусӣ фаъолият мекунад. Духтари дуюмам иқтисодчист. Ҳоло бо сабаби фарзанддор шуданаш кор намекунад. Писарам имсол синфи 11-ро хатм кард. Дар литсейи туркӣ таҳсил мекард. Оилаам дар як ширкати хориҷӣ ҳамчун мутахассис оид ба кадр кор мекунад”,-нақл кард вазири адлия.