ВКД: Боздошти ҷавони 25-сола бо иттиҳоми хариду фурӯши металҳои қимматбаҳо
Вазорати корҳои дохилӣ мегӯяд, зимни гузаронидани чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милиса муайян шудааст, ки Зафар Улмасов, соли таваллудаш 1989, истиқоматкунандаи шаҳри Хуҷанд бо Наимҷон Зокиров, соли таваллудаш 1987, сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, рӯзи 8-уми июли соли ҷорӣ дар ҳудуди бозори “Панҷшанбе”-и Хуҷанд “ақди ғайриқонунӣ баста, Зокиров Н. бар ивази 1000 доллари амрикоӣ ба Улмасов З.И. ба миқдори 26,41-гр метали рангаш зардро фурӯхтааст”.
Манбаъ меафзояд, инчунин Улмасов З.И. бо шаҳрванди Ҷумҳурии Исломии Эрон Шкарчи Маҷид соли таваллудаш 1984, муваққатан истиқоматкунандаи шаҳри Чкалов, 12-уми июл, дар шаҳри Хуҷанд ақди ғайриқонунӣ баста, бар ивази 2400 доллари амрикоӣ аз Шкарчи М. ба миқдори 54,78-гр метали рангаш зардро харидорӣ намудааст: “мувофиқи хулосаи бадастомада металҳои мазкур “тилло”-и иёраш 999 буда, вазни умумиашон 81,17-гр ва арзишашон 16340 сомониро ташкил медиҳад”.