Ҳалокати Ҳашмат, писари амаки Ҳомид Карзай, дар ҳамлаи интиҳорӣ
Ҳашмат Халил Карзай, писарамаки Ҳомид Карзай – раиси ҷумҳури Афғонистон дар пайи як ҳамлаи интиҳорӣ дар вилояти Қандаҳор ҷон бохтааст.
Сухангӯи волии ин вилоят, Давохон Минопал, гуфта, ки ҳодиса тақрибан соати 10-и 29 июл дар деҳаи Карзи ноҳияи Данд ба вуқӯъ пайвастааст. Минопал афзудааст, ин ҳамлагар ба хонаи Ҳашмат Карзай ҳамчун меҳмон омада, худро мунфаҷир кардаст.
Ӯ гуфтааст, ин ҳамла талафоти дигаре дар пай надоштааст. То кунун ҳеч гуруҳе, ба шумули Толибон, масъулияти ин ҳамларо ба уҳда нагирифтаанд.