баргард чоп кардан

"Барқи тоҷик" сокинонро айбдор кард, ки 1 млрд. сомониро насупоридаанд

“Барқи тоҷик” мегӯяд, то нимсолаи аввали соли равон қарзи ин ниҳод дар назди нерӯгоҳи “Сангтуда-1”ба 418,4 миллион ва “Сангтуда-2” ба 153,4 миллион сомонӣ расидааст.

Даврон Исҳоқов, муовини раиси “Барқи тоҷик” рӯзи 29-уми июл зимни нишасти хабарӣ дар Душанбе гуфт, дар нимсолаи аввали соли равон маблағи хариди барқ аз “Сангтуда-1” дар ҳаҷми 126,2 миллион сомонӣ, аз “Сангтуда-2”-ро дар ҳаҷми 26,4 миллион сомонӣ пардохт намудаанд: “Пардохти маблағҳо ба ин ду нерӯгоҳ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта мутаносибан 58,1 миллион сомонӣ ва 9,6 миллион сомонӣ зиёд мебошад.”

Даврон Исҳоқов гуфт, қарзи “Барқи тоҷик” аз ҳисоби андозҳо 180,8 миллион сомониро ташкил медиҳад: “Дар 6 моҳи соли 2014 “Барқи тоҷик” андозҳои ҷумҳуриявӣ ва маҳаллиро ба маблағи 161 миллион сомонӣ пардохт намудаст”.

Дар баробари қарздории худ масъулини “Барқи тоҷик” таъкид мекунанд, ки корхонаю ширкатҳои Тоҷикистон аз барқ дар ҳаҷми 1 миллиарду 83 миллион сомонӣ қарздор мебошанд. Ба иттилои “Барқи тоҷик” аз 1 миллиарду 83,5 миллион сомонӣ, 306, 8 миллионаш ба аҳолӣ, 55,5 миллионаш ба хоҷагиҳои инфиродии соҳаи кишоварзӣ, 18,3 миллион корхонаҳои обу корезӣ, 22,6 миллионаш ба ташкилотҳои буҷетӣ рост меояд.