Боздошти узви гуруҳи мусаллаҳи Ҳокимбек баъди 16 сол
Мақомоти пулиси Тоҷикистон рӯзи 31-уми июли соли равон Баҳромҷон Қаландаров, сокини 37-солаи ноҳияи Ҷиргатолро боздошт намудаанд, ки дар ғорати мусаллаҳонаи сокинони Рӯдакӣ дар соли 1998-ум муттаҳам мешавад.
Тибқи иттилои Вазорати умури дохилӣ Қаландаров Баҳромҷон моҳи декабри соли 1998 ба гурӯҳи мусаллаҳи маҳкумшуда Ҳомидов Ҳокимбек шомил шуда, бо истифода аз силоҳи Калашников ҳамроҳи 4-нафари дигар сокинони Рӯдакиро ғорат кардааст: “Аз ҷумла аз хонаи Маҳмудов Теша, соли таваллудаш 1940 бо таҳдид ҷавоҳироту ҷиҳози рӯзгорро ба маблағи 800-доллари амрикоӣ ва 327 000 рубл тасарруф намудаанд. Баъдан ӯро латукӯб намуда, ба хонаи Исматов Шамсиддин соли тавалудаш 1965, сокини ноҳияи мазкур рафтаанд ва 200000-рублро бо зӯрӣ гирифтаанд.”
Мақомоти пулиси Тоҷикистон таъкид мекунанд, ки феълан аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.