Ғорати пасандози нафақагири 86-сола дар Ховалинг
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, рӯзи 29-уми июл пасандози нафақагири 86-сола аз ноҳияи Ховалинг дуздида шудааст.
Ин нафақахӯр ба мақомоти пулис арз кардааст, ки ҳаҷми пасандозаш дар сандуқи чӯбин 7 ҳазору 368 сомониро ташкил медод.
Ба иттилои Вазорати умури дохилӣ феълан аз рӯи ин ҳодиса як сокини 27-солаи ноҳияи Фархор боздошт шуда, таҳқиқи қазия идома дорад.