Бозии Тоҷикистон-Қазоқистонро Дмитрий Машенсев аз Қирғизистон доварӣ мекунад
Доварии дидори дӯстонаи тимҳои миллии Тоҷикистон-Қазоқистонро ба мутахассисон аз Қирғизистон бовар кардаанд.
Федератсияи футболи Қирғизистон ба ин бозӣ ҳайати доварон бо раҳбарии Дмитрий Машенсеви 38-соларо интихоб кардааст. Ёварони ӯ, Сергей Гришенкои 33-сола ва Баҳодур Қучқорови 44-сола хоҳанд буд.
Дидори дастаҳои Тоҷикистон-Қазоқистон соати 18:30 (ба вақти Душанбе)-и 12 август дар варзишгоҳи марказии Алмаато оғоз мешавад.
Дастаҳои Тоҷикистону Қазоқистон се маротиба бо ҳам қувва озмудаанд. Дидори аввал 11 апрели соли 1994 дар чорчуби сабқати байналмилалӣ дар Тошканд бо ҳисоби 0:1 анҷом ёфт. 2 июли соли 2006 дар доираи бозии дӯстона дар Алмаато ба майдон баромаданд ва футболбозони тоҷик бо ҳисоби 1:4 шикаст хӯрданд. 8 сентябри соли 2007 бошад бозии дӯстонаи ду тим дар Алмаато мусовӣ- 1:1 поён ёфт.