баргард чоп кардан

Восеъ: Ифтитоҳи як маркази саломатӣ барои ҷилавгирӣ аз сил

Бо ташаббуси вазорати тандурустии кишвар дар маркази шаҳраки Восеъ як Маркази саломатӣ барои касалиҳои сил сохта, ба истифода дода шуд.


Дар ин бора ба хабаргузории «Озодагон» Нуруллоҳ Мирзоев, муовини раиси ноҳия хабар дод. Бино ба иттилоъ, маркази мазбур бо таҷҳизотҳои нави замонавӣ муҷаҳҳаз гардонида шуда, гузашта аз ин вазорати тандурустӣ ваъда додааст дар рӯзҳои наздиктарин таҷҳизоти нави рентгенӣ барои ташхиси ин бемориро таъмин хоҳад кард.

Ҷаноби Мирзоев гуфт, ҳамчунин дар ҷамоати Меҳнатободи ноҳия беморхонаи махсус барои табобат ва нигаҳдории гирифторони сил бунёд ёфта истодааст, ки то рӯзи ҷашни истиқлолияти ҷумҳурӣ низ мавриди истифода қарор хоҳад ёфт. Беморхона дар марҳилаи аввал барои 50-бемор созмон дода шуда, дар сохтмони он 670-ҳазор сомонӣ масраф гаштааст. Тибқи иттилоъ, маълумоти пурра дар мавриди таъмини таҷҳизот нест. Аммо ин ҷо низ бо кумаки вазорати тандурустӣ, ташхисгоҳи маризиии сил  бо таҷҳизоти сохти нав ва таҷҳизоти рентгенӣ барои муайян намудани намуди беморӣ муҷаҳҳаз гардонда мешавад.

Ёдовар мешавем, ки ноҳияи Восеъ яке аз навоҳии силзада дар ҷумҳурӣ шинохта шуда, ба ҷумлаи навоҳии ба истилоҳ «пилотӣ» дар ин бахш мансуб аст.{jathumbnail off}