Маҳмадҷон Ҳабибуллоев – сармураббии нави “Далерон-Уротеппа”
Маҳмадҷон Ҳабибуллоев дар курсии сармураббии дастаи “Далерон-Уротеппа”-и Истаравшан нишастааст.
Зери раҳбарии Ҳабибуллоев “Регар-ТадАЗ”-и Турсунзода дар гузашта шаш маротиба қаҳрамони футболи Тоҷикистон шуда, се маротиба Ҷоми президенти АФК-ро соҳиб шуд. Ҳабибуллоев бори охир мунтахаби ҷавонони то 21-солаи Тоҷикистон (U-21)-ро тамрин медод, аммо дар ин мақом ҳамагӣ чор моҳ кор кард. Баъди бозии номуваффақ дар Ҷоми иттиҳод-2014 дар Санкт-Петербург аз вазифа сабукдуш гардид.
“Далерон-Уротеппа” мавсими имсоларо дар лигаи олии футболи кишвар зери раҳбарии Аҳлиддин Турдиев шурӯъ кард.