Доғистон ба Ғаза 9 миллион фиристод
Шаҳрвандони Доғистон бо пуштибонӣ аз пешниҳоди муфтии кишвар Аҳмадхоҷа Абдуллоев барои мардуми аз ҳамлаҳои Исроил зарардида маблағ ҷамъ овардаанд.
“Дар ҳоли ҳозир ба маблағи 9 миллион рубл ҷамъоварӣ ва ба Фаластин фиристода шудааст”,-менависад Исламнюз нуқта ру. Ба иттилои манбаъ, ҷамъоварии маблағ ҳамчунон идома дорад.