Фармони хароб кардани бозори “Саховат”-и ҳамсари Кабирӣ
Бобоалӣ Табарзода, раиси шаҳри Турсунзода зери фармони тахриб кардани бозори “Саховат” ва ба ҷои он бунёд кардани муҷтамаи варзишӣ имзо гузоштааст.
Ин бозор дар гузашта ба ҳамсари Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон таалуқ дошт, аммо бо даъвои Оҷонсии зидди фасоди молӣ додгоҳи Турсунзода моҳи апрели соли равон қитъаи заминеро, ки дар он бозор мавҷуд аст, ба ҳисоби давлат гузаронд. Дар фармони ҷаноби Табарзода бошад, гуфта мешавад, бозори “Саховат” акнун ба тавозуни мақомоти Турсунзода гузашта, то ҷудо шудани қитъаи замин барои сохтмони бозори нав иҷрокунандаи вазифаи раиси бозор Муҳаммад Бодаков тренери Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ таъин шудааст. Дар фармон ҳамчунин омадааст, дар ҷои бозори пешин варзишгоҳ сохта мешавад. Як далели даъвогарони баҳси додгоҳӣ ҳам ин буд, ки сокинони атрофи бозор варзишгоҳ надоранд ва “Саховат” ба варзишгоҳ табдил дода хоҳад шуд. Муҳиддин Кабирӣ дар мурофиаҳои додгоҳӣ пешниҳод карда буд, агар мақомот барои онҳо замин ҷудо кунанд, аз ҳисоби тоҷирони бозор муҷтамаи варзишӣ хоҳанд сохт. Ё ин ки маблағи иҷораи варзишгоҳҳоро пардохт мекунанд, аммо ин пешниҳод аз тарафи даъвогарон рад шуд.
Масоҳати бозори “Саховат” 1 гектару 77 сотих буда, дар ноҳияи Турсунзода ҷой гирифтааст ва гуфта мешавад дар он ҷо наздик ба 700 нафар машғули коранд. Ин бозорро соли 2009 Мастура Раҳматуллоева, ҳамсари Муҳиддин Кабирӣ, аз соҳибмулки аввалинаш Лутфия Неъматлулоева ба қимати 836 ҳазор сомонӣ харидааст.