Баҳси тақаллубӣ будани унвони доктории президент дар Маҷлис
Маҳдӣ Кӯчакзода - намояндаи мардумии Эрон бо паҳни як нома дар парлумон ба тақаллубӣ будани унвони доктории Ҳасан Рӯҳонӣ, раиси ҷумҳури ин кишвар, ишора кардааст.
Ӯ дар ин номаи худ навиштааст, Ҳасан Руҳонӣ ҳангоми намояндагияш унвони докторӣ надошт ва он тақаллубӣ мебошад. Дар яке аз бахшҳои ин нома пурсида мешавад, раиси ҷумҳури Эрон кай ва дар ҳайати кадом донишгоҳ ва бо кадом собиқаи пажуҳишӣ ин унвонро соҳиб шудааст.
Инчунин, аз давраи омӯзишии Руҳонӣ дар Бритониё ёдоварӣ гардида, хостори тавзеҳот дар мавриди он шудааст, ки раиси ҷумҳури кунунии Эрон ҳангоми таҳсил дар ин кишвар аз бурсия истифода кардааст ё аз ҳисоби худ? Кӯчакзода дар номаи худ тақаллубӣ будани унвони доктории Руҳониро рӯзи 17 августи соли ҷорӣ дар парлумонии Эрон дар ҳошияи як ҷаласа ба ҳамтоёни худ тақсим карда, хостори тавзеҳот дар робита шудааст.
Ин дар ҳолест, ки паҳни номаи мазкур бо вокуниши бархе аз намояндагони мардумии Эрон рӯбарӯ шуда, як амали таҳриковар ва ҳангомаомез хонда шудааст. Камолиддин Пирмуаззин – вакили парлумони Эрон мегӯяд, бо камоли таассуф имрӯз намояндагони мардумии кишвараш шоҳиди ҳодисае шудаанд, ки таърихи парлумони онҳо ба ёд надорад.
Гуфта мешавад, ин бори аввал нест, ки номи раиси ҷумҳури Эрон ба иттиҳоми чизе сархати расонаҳои хабарӣ қарор мегирад. Дар гузашта низ бо нашри як филм дар бораи фаъолиятҳои сиёсияш ӯро ба ғарбгароӣ муттаҳам карда буданд. Дар филми ҳуҷаттии “Ман Руҳонӣ ҳастам” бештар сари фаъолиятҳои сиёсии раиси ҷумҳури кунунии Эрон мутамарказ шуда, дар он Ҳасан Руҳонӣ ба ғарбгароӣ муттаҳам мешавад. Ба қавли таҳиягарон, гӯиё Ҳасан Руҳонӣ аз аввал ҷонибдори муттаҳид шудан бо Ғарб буда, аз ибтидои Инқилоби исломӣ аз созишкорӣ бо онҳо ҳимоят мекардаасту хостори барқарории иртибот бо Амрико будааст.
Ҳасан Рӯҳонӣ 12 ноябри 1948 дар вилояти Симнони Эрон таваллуд шуда, аз 13-солагӣ вориди ҳавзаи илмии Қум шудааст. Баъдан ӯ дар донишгоҳи Теҳрон ва Бритониё дар риштаи ҳуқуқ таҳсил кардааст. Раиси ҷумҳури нави Эрон аз соли 1999 то кунун яке аз аъзои Маҷлиси хубрагони раҳбарӣ буда, аз 12 сол қабл раёсати комиссияи сиёсиву иҷтимоӣ ва аз соли 2005 раёсати дабирхонаи ин маҷлисро бар ӯҳда доштааст.
Рӯҳонӣ дар даврони Хотамӣ дабири шӯрои амнияти миллӣ ва мушовири раисиҷумҳур ва аз соли 2002 то 2004 раҳбари тими музокиракунандаи Эрон дар масъалаҳои ҳастаӣ буд. Дар маҷмуъ Ҳасани Руҳонӣ 5 давра намояндаи парлумон, 16 сол дабири шӯрои олии амнияти миллӣ ва 2 сол раҳбари музокироти ҳастаӣ будааст.