баргард чоп кардан

Душанбе плаза- баландатарин бинои серошёна дар Душанбе

Дар маркази пойтахт бинои хуштарҳи замонавӣ, ки аз 20 ошёна   иборат аст, сохта ба истифода дода шуд.


Ин иншоот дар кӯчаи Бухоро - буриши хиёбони Рӯдакӣ эъмор гардидааст.Тибқи иттилои Шафқат Саидов, котиби матбуотии раиси шаҳри Душанбе, сохтмони  «Душанбе плаза» ду сол муқаддам -12 октябри соли 2009 оғоз гардида, фармоишгари он раёсати сохтмони асосии шаҳри Душанбе буда, ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Тоҷ –Сохтмон- Байналмилал» пудратчиаш мебошад. Лоиҳаи «Душанбе-плаза» аз ҷониби ҷамъияти саҳҳомии «Шаҳрофар» тарҳрезӣ гардида, арзиши умумии иншоот беш аз 160 миллион сомонӣ мебошад.

Масоҳати умумии «Душанбе-плаза» наздик ба 40 ҳазор метри мураббаъ ва баландиаш 92 метр буда, ба ҷуз ин ду ошёнаи техникӣ низ дорад. Гуфта мешавад, ки ошёнаҳои 1, 2 , 3, 4 ва 5 барои марказҳои иттилоотӣ, намоишгоҳҳои сайёр, мӯд, толорҳо бо утоқҳо барои машваратҳои расмӣ дар сатҳи олӣ, утоқҳо барои намояндагони ширкатҳои байналмилалӣ махсус гардонида шудаанд. Дар айвонҳои ошёнаҳои 6 ва 19 тарабхонаҳо барои 200 ва 60 ҷой вуҷуд дошта, ошёнаҳои 7-15-утоқҳои маъмурӣ, идора (офис), ошёнаҳои 17, 18 ва 20 меҳмонхона барои 40 ҷой (аппартаментҳо) аст. Дар ошёнаҳои 21-22 -утоқҳои техникӣ ҷойгиранд. Ҳамчунин, «Душанбе плаза»- дорои таваққуфгоҳ буда, он аз ду ошёнаи баландии ҳар кадомаш 3 метрӣ иборат аст. Масоҳати таваққуфгоҳ 5000 метри мураббаъ аст, ки он барои 100 автомашина пешбинӣ шудааст.{jathumbnail off}