Боздошти се муттаҳам дар дуздии 8 тона гандум
Кормандони пулиси Қазоқистон бо иттиҳоми дуздии 8 тона гандум аз як анбор дар вилояти Актобе се мардро боздошт кардаанд.
Департаменти умури дохилии Актобе гуфтааст, ин афрод дар пайи як амалиёти фаврӣ-ҷустуҷӯӣ дастгир шудаанд. Боздоштшудаҳо 47, 56 ва 58 сол дошта, истиқоматкунандаҳои ноҳияи Мартук гуфта мешаванд. Ба иттилои манбаъ, аз рӯи ин далел тибқи модаи 175-и Кодекси ҷиноии Қазоқистон (дуздӣ) парванда боз шуда, тафтишот идома дорад.