Бино ба навиштаи хабаргузориҳо, гурӯҳе аз наздикони роҳбари фирории Либия Муаммар Қаззофӣ ба Нигерия панаҳ бурдаанд, аммо дар бораи сарнавишти полковник чизе рӯшан нашудааст.
Зимнан, расонаҳо ба такя ба манобеи мухталиф гуфтаанд, корвони иборат аз 50 мошини наздикони Қаззофӣ ба шаҳри Ниамей пойтахти Нигер расидааст. Мегӯянд, ки баъзе аз мансабдорони баландпояи ҳукумати Муаммар Қаззофӣ дар ин корвон будаанд, аммо аломате аз ҳузури худи ӯву хонаводааш дар миёни он афрод дида нашудааст.
Дар ҳамин ҳол, Иан Мартин, мушовири махсуси Пан Ги Мун, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид дар шаҳри Троблуси Либия гуфт, ҳукумати нави мувақаттии Либия умедвор аст, СММ ба онҳо дар баргузории интихобот кӯмак хоҳад кард .Гуфтанист, баъди 42 соли беинтихоботӣ ва Қонуни Асосӣ, Либия ба марҳилаи гузариши демократӣ ворид мешавад. Ва албатта раҳбарони Шӯрои олии гузори Либия аз Созмони Милал интизор доранд, ки дар ҷараёни интихобот ба онҳо кӯмаки чашмгире кунад.{jathumbnail off}