баргард чоп кардан

Барномаҳои тафреҳии ройгон дар Диснейленди Душанбе

Дар пойтахт шоу-барномаи тафреҳӣ барои сокинон ва меҳмонони шаҳри Душанбе доир мешавад.


Дар ин бора ба хабаргузории «Озодагон» Шафқат Саидов, сухангӯи мири пойтахт иттилоъ дод. Бино ба қавли ӯ, шоу-барномаҳои идона бахшида ба 20-умин солгарди истиқлол рӯзҳои 7, 8, 9, 10 ва 11-уми сентябр дар Диснейленд- Боғи пойтахт сурат пазируфта, бо қарори марбутаи Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси шаҳри Душанбе ширкат дар маросими ҷашнӣ барои кулли сокинону меҳмонон ройгон аст.

Маврид ба ёдоварист, Диснейленд-Боғи пойтахт рӯзи 6-уми сентябр ба истифода дода шуда, президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар расми ифтитоҳи он ширкат дошт.{jathumbnail off}