Боздошти ду шаҳрванди Узбакистон бо иттиҳоми куштори соҳибкори маъруфи турку ҳамсараш
Бо иттиҳоми куштори асосгузорони бренди маъруфи Туркия – “Ören Bayan” як зану шавҳар аз Узбакистон боздошт шудаанд. Ба иттилои ВАО-и Туркия дастгиршудаҳо ҳангоми пурсуҷӯи пулис иқрор кардаанд, ки зану шавҳари соҳибкорро ба ҳалокат расондаанд.
Ин шаҳрвандони Узбакистон, ки дар манзили соҳибкори турк хизмат мекардаанд ба пулис гуфтаанд, вақте ҳамсарон маблағи думоҳаи корашонро пардохт накарданд, худро аз даст дода ва ба ҷони онҳо қасд намуданд.
Дар мавриди куштори Жак Каракои 77-сола ва ҳамсараш Ҷорҷия Каракои 69-сола ҷумъаи сипаришуда хабар расид. Ба иттилои пулис ин соҳибкор ва завҷааш дар пайи таркиши газ кушта шудаанд. Ҳамчунин дар бадани онҳо чанд захми корд мушоҳида шудааст.