баргард чоп кардан

Мушовири давлатии президент дар Агентии назорат аз болои маводи нашъадор

Абдуҷаббор Азизов, мушовири давлатии президент оид ба сиёсати кадрҳо дар ҷаласаи тантанавӣ бахшида ба 20-солагии истиқлолият дар Агентии назорат аз болои маводи нашъадор ширкат ва суханронӣ кард.


Тавре ба «Озодагон» аз ин ниҳод иттилоъ доданд, мушовири раисҷумҳур ҳайати шахсии агентиро ба муносибати ин санаи фархунда муборакбод намуда, ба ҳамаи ширкаткунандагон дар роҳи таҳкими асосҳои давлатдории нави тоҷикон, нерӯ бахшидан ба мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар, таъмини бехатарӣ ва субот дар ҷомеа, ҳифзи қонуният, тартиботи ҳуқуқӣ, ҳамчунин ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандон комёбиҳо таманно кард.

Зимнан, дар ин нишаст  як қатор кормандони агентӣ бо рутбаҳои навбатӣ, ифтихорномаҳо, медалҳои ҷашнӣ ва мукофотҳои пулӣ сарфароз гардонида шуданд. Аз ҷумла сардори ситоди агентӣ, полковники хизмати назорати маводи нашъаовар Фарҳод Садуллоев, сардори шӯъбаи хадамоти амнияти дохилӣ, полковники хизмати назорати маводи нашъаовар Равшан Мирзоаҳмадов ва нозири калони шӯъбаи назорати маводи нашъаовар ва пешгирии нашъамандӣ, майори хизмати назорати маводи нашъаовар Далер Сайфуллоев қадрдонӣ шуданд.

Маврид ба ёдоварист, чанде қабл президент Эмомалӣ Раҳмон 280 нафар корманди сохторҳои қудратӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқро бо мукофотҳои давлатӣ, рутбаҳои олӣ ва махсус сарфароз гардонид. Генерал -лейтенанти милитсия Рустам Назаров,  директори агентии назорати маводи нашъаовар, Зариф Саидов, сардори шӯъбаи таъиноти махсуси раёсати сайёри оперативии агентӣ, полковники хизмати назорати маводи нашъаовар бо ордени Спитамен дараҷаи II, ва Бунафша Одинаева, муовини директори агентӣ, подполковники хизмати назорати маводи нашъаовар бо медали ҷашнии “20-солагии истиқлолият ва Лидия Кривчикова сардори шӯъбаи ташхиси судии агентӣ, подполковники хизмати назорати маводи нашъаовар бо ифтихорномаи ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шуданд.{jathumbnail off}