баргард чоп кардан

Арабҳо ҳам дар таҷлилди иди Фитр ба иштибоҳ роҳ додаанд

Ҳукумати Арабистони Саудӣ муваззаф ба пардохти 1 милларду 600 милион риёл (ҳудуди 440 миллион доллар) ба унвони каффораи ҷамъии як рӯзи рӯза дар моҳи Рамазон шудааст.


Ин миқдор маблағ  аз номи ҳамаи шаҳрвандони шоҳигарӣ пардохт мешавад.Ҷомеаи астрономии Ҷидда дар Арабистони Саудӣ эълон кардааст, ки арабҳо на баъди пайдо шудани моҳи нав, балки бо дидани сайёраи Зуҳал  ифтор ва ид кардаанд.

Мутахасисони ҷомеаи мазкур қайд карданд, ки  ин давраи сол дар баъзе мавзеъҳои Арабистони Саудӣ моҳи Шавволро бо сайёраи Зуҳал иштибоҳ карданд. Ёдрас мекунем, ки Арабистони Саудӣ рӯзи идро 30 -юми август эълон карда буд. Аммо тавре Марказӣ исломи оид ба назорати моҳ  (мақараш дар Британияи Кабир) қаблан хабар дод, мувофиқи маълумоти ситорашиносон дар Арабистони Саудӣ дидани моҳи нав рӯзи 29 -уми август баъди фуруди офтоб ғайриимкон будааст.{jathumbnail off}