баргард чоп кардан

“Чашмакӣ”-и Нурсултон Назарбоев ба ҳамсари президенти Туркия

Нурсултон Назарбоев, раиси ҷумҳури Қазоқистон дар маросими савгандёдкунии Раҷаб Тайиб Эрдуғон, президенти тозаинтихоби Туркия ба ҳамсари райиси ҷумҳури пешини ин кишвар - Абдулло Гул чашмак задааст, менависад "NewTimes.kz".

Ба иттилои манбаъ, аз маросими савгандёдкунии Эрдуғон дар шабакаи Ютуб наворе мунташир шудааст, ки дар он Нурсултон Назарбоев паҳлуи Абдулло Гул ва Эрдуғон нишастааст. Ин навор лаҳзаеро ҳам нишон медиҳад, ки Назарбоев дӯстона ба зани Абдулло Гул чашмак мезанад ва дасташро ҳам мефишорад.