Фатвои муфтӣ барои ҷанги сунниҳо бо ДИИШ
Муфтии аҳли суннати Ироқ фатвои ҷан бо Давлати Исломии Ироқ ва Шом ё “Давлати исломӣ”-ро содир кардааст.
Шайх Маҳдӣ Самадӣ, муфтии аҳли суннати Ироқ дар фатвое аз шаҳрвандони кишвараш хостааст, ба ҷамъи довталабони мубориза бо терористони ДИИШ бипайванданд. Ба гузориши пойгоҳи хабарии “Ал-Марбад”, муфтӣ гуфтааст, “ин неруҳо вазифаи ҳимоят аз манотиқи маҳали аҳли суннат ва мубориза бо гуруҳи ДИИШ-ро доранд”.