баргард чоп кардан

Паради ҳарбиро 300 сарбозу афсари кумитаи ҳолатҳои изтирорӣ пурра мекунанд

Афсарону сарбозони кумитаи ҳолатҳои фавқулода дар гузашти умумии ҳарбӣ бахшида ба 20-умин солгарди истиқлолияти Тоҷикистон фаъолона ширкат меварзанд.


Дар ин бора ба «Озодагон» аз дафтари матбуоти кумитаи мазкур хабар доданд. Ба иттилои манбаъ ҳайати шахсии кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди ҳукумати Тоҷикистон чун узви таркибии қувваҳои мусаллаҳ, бо шиори «Истиқлолияти давлатиро бо омодагии баланди ҷангӣ ва омодагии намунавӣ пешвоз мегирем» амал намуда, дар чорабиниҳои асосии ҷашнӣ ба хусус дар паради умуми-ҳарбӣ фаъолона иштирок менамоянд. Гуфта мешавад, дар ин парад ба ҳайати шахсии кумита 300 нафар шомиланд, ки аз ин теъдод 157 афсар ва 153 сарбози ҷузъу томҳои ин ниҳоданд. Манбаъ афзуд, роҳбарият ва ҳайати шахсии кумита анъанаҳои беҳтарини ҳарбии ниёгонро сармашқи кори худ қарор дода, дар ҳифзи муқадасоти ватан саҳми намоён мегузоранд. {jathumbnail off}