Омӯзгори тоҷик дар дастдарозӣ ба шогирд муттаҳам мешавад
Мақомоти пулиси ноҳияи Рӯдакӣ омӯзгори 50-солаи мактаб-интернати ин ноҳияро ба иттиҳоми дастдарозӣ ба шогирдаш боздошт намудаанд.
Тавре манбаи “Озодагон” иттилоъ дод, рӯзи 10-уми сентябр сокини 82-солаи Ҳисор ба пулис муроҷиат карда, арз доштааст, ки омӯзгори мактаб-интернет ба наберааш-толибаи 11-солаи ин муассиса дастдарозӣ кардааст. Манбаъ мегӯяд, тибқи иттилои пешакӣ ин ҳодиса субҳи 5-уми сентябри соли равон рух додааст.
Мақомоти пулис мегӯянд, феълан ин омӯзгор боздошт шуда, тафтишоти парвандаи ҷиноӣ алайҳи ӯ идома дорад.