баргард чоп кардан

Ду президент барои як курсӣ мубориза мебаранд

Президенти федератсиюни футболи ҷаҳон (ФИФА) Ҷозеф Блаттер аз маснад барканор шуданашро мамоти футболи ҷаҳонӣ номидааст.

Ӯ гуфтааст, агар Муҳаммад Бин Ҳаммам рӯзи 1 июн -рӯзи интихоби сарвари ин ниҳод раъйи бештарро сазовор шавад, метавон ин рӯзро рӯзи шурӯъи фанои ин ниҳод донист.

Дар ҳамин ҳол шаҳрванди Қатар- Муҳаммад Бин Ҳаммам ягона рақиби Ҷозеф Блатер мебошад,ки муддати мадид сарварии ин ташкилотро ба ӯҳда дорад. Гуфтанист, миёни Муҳаммад бин Ҳаммам президенти Федератсиюни футболи қораи Осиё ва президенти ФИФА Ҷозеф Блаттер доиман зиддияту тундгӯиҳо ҷой доштанд, ки ҳамакнун дар пешорӯи интихоботи қарибулвуқуи сарвари ин ниҳод тарафҳо ба рӯи ҳамдигар сангпаррониро аз пешин ба маротиб бештар кардаанд. Муҳаммад Бин Ҳаммам Блатерро барои дар ихтиёри Интерпол гузоштани 20 миллион доллар барои ошкори бозиҳои маслиҳатӣ бе маслиҳати аъзои кумиҷроияи ФИФА гунаҳкор мекунад. Ҳамчунин даст доштани 4 нафар аъзои кумиҷроияи федератсиюни футбол дар фасод барои муайян кардани кишвари баргузоркунандаи сабқати ҷаҳонии футбол барои солҳои 2018 ва 2022-ро Бин Ҳаммам гуноҳи Блаттер донистааст.

Аммо Блаттер бе далелҳои шоеъ нисбати Муҳаммад Бин Ҳаммам ҳарф зада, омадани ӯро фанои ин ташкилот донистааст.  Ӯ бо лаҳни муғлақ гуфтааст: «Имрӯз суоле матраҳ аст, ки баъди ин сана ин ниҳоди ҷаҳонӣ метавонад пойдор монад ва ё ба чуқурии бетаге фурӯ биравад».

Аммо  Ҷозеф Блаттер  аз ташреҳи бештари ин андешааш худдорӣ варзидааст.