Омодагии мунтахаби Тоҷикистон барои бозиҳои Осиёӣ-2014
Муҳсин Муҳаммадиев, сармураббии тими миллии Тоҷикистон оид ба футбол ҳайати дастаи мунтахаб барои иштирок дар 17-умин бозиҳои Осиёро эълон кард.
Торнамои Федератсияи футболи Тоҷикистон менависад, ҳайати даста аз 18 нафар бо шумули 2 дарвозабон, 6 ҳимоятгар, 7 нимҳимоятгар, ва 3 ҳамлагар иборат аст.
17-умин бозиҳои олимпии Осиё аз 14 сентябр то 2 октябр дар Инчхони Кореяи Шимолӣ баргузор мешавад. Рақибони Тоҷикистон дар бозии гуруҳӣ-яккачинҳои Уммон, Сингапур ва Фаластин мебошад.
Нахустин бозии мунтахаби Тоҷикистон 14 сентябр бо Сингапур баргузор мешавад. Футболбозони тоҷик 17 сентябр бо Фаластин ва 21 сентябр бо Уммон қувва меозмоянд.