Тибқи иттилои манбаъ то моҳи апрели соли 2011 дар ҷумҳурӣ аз ҷониби 75 ташкилоту корхонаҳо барои гирифтани иҷозатномаи фаъолияти сохтмонӣ ва меъморӣ ба агентии мазкур санадҳои марбута пешниҳод шуда, онҳо иҷозаи фаъолиятро гирифтанд. Аз миёни 75 ширкати муроҷиаткунанда 19 корхонаи нав ба фаъолияти сохтмонӣ шурўъ кардаанд ва 36 ширкати дигар барои идомаи 5 солаи фаъолият иҷоза гирифтаанд.
Гуфта мешавад, ки аз моҳи апрели соли ҷорӣ аз 19 корхона ба 9 тояш дар шаҳри Душанбе, ба 2 корхона дар навоҳии тобеи марказ, ба 5 ширкат дар вилояти Хатлон ва 3 ширкати дигар дар вилояти Суғд иҷозати фаъолият дода шудааст.