Барканории футболбози тоҷик барои “допинг” аз бозиҳои олимпӣ
Хуршед Бекназаров, футболбози дастаи мунтахаби то 23-солаи Тоҷикистон (U-23) барои дарёфти моддаҳои машкук дар организмаш аз бозиҳои 17-уми олимпии Осиё барканор шудааст.
Ин хабарро дар суҳбат бо “Озодагон” намояндагони Кумитаи ҷавонон варзиш ва сайёҳии кишвар тасдиқ карданд. Ба иттилои манбаъ Бекназаров, дигари ҳаққи иштирок дар бозиҳои 17-уми олимпии Осиё дар Кореяи ҷанубиро надорад.
Ин дар ҳолест, ки ахиран дастаи мунтахаби Тоҷикистон баъди пирӯзӣ бар футболбозони Уммон ба даври 1/8 финалии ин бозиҳо роҳ ёфтанд. Дар ин давр рақиби Тоҷикистон яккачини Ироқ хоҳад буд. Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)