баргард чоп кардан

Пирӯзии «ССКА Помир» дар сабқати ҷоми футболи Тоҷикистон

Бозиҳои навбатии мусобиқаи ҷоми футболи Тоҷикистон миёни дастаҳои лигаи якум ва олии мамлакат ба анҷом расид.


Тибқи иттилои ФФТ, дар ин давр, дастаи «ССКА Помир» бо «Гвардия»-и Душанбе қувваозмоӣ карда, бо ҳисоби калони 8 бар сифр пирӯз шуд. «Равшан»-и Кӯлоб бо дастаи «Энергетик» вориди сабқат гашта, бо ҳисоби 3 бар 2 дастболо  гардид. «Вахш»-и Қӯрғонтеппа бошад, дастаи «Шодмон»-и Ҳисорро дар майдони худ қабул карда, бо ҳисоби 4 бар 0 ғолиб омад. «Регар ТадАз» дастаи «Ҳулбук»-и ноҳияи Восеъро бо ҳисоби 3 бар 0 шикаст дод. Қувваозмоии дастаҳои «Куктош» ва «Хайр» бо ҳисоби 1 бар 0 ба нафъи меҳмонон- футболбозони дастаи «Хайр» анҷом ёфт.

Манбаъ ҳамчунин афзуд, бозиҳои ҷавобии ҷоми футболи мамлакат  рӯзи 14-уми сентябр байни ин тимҳо сурат мепазирад. «Гвардия»-«ССКА Помир», «Энергетик»-«Равшан», «Шодмон»-«Вахш» , «Ҳулбук»-«Регар ТадАз» ва«Хайр»-«Куктош».{jathumbnail off}