Даргузашти Худойбердӣ Эгамбердиев, руҳонии саршиноси тоҷик
Худойбердӣ Эгамбердиев, собиқ корманди шуъбаи фатвои Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон дар замони раҳбарии Шайх Амонуллоҳи Неъматзода, дар синни 79-солагӣ аз олам даргузаштааст.
Аз Маркази исломии Тоҷикистон ба “Озодагон” гуфтанд, Эгамбердиев рӯзи 30 сентябр бар асари беморӣ аз олам чашм пӯшида, маросими видоъ бо ӯ дар ноҳияи Рӯдакӣ баргузор шудааст.
Ин руҳонии тоҷик, ки дар гузашта дар шӯъбаи фатвои Шӯрои уламо фаъолият мекард, соли 2006 аттестатсияи имом-хатибони кишварро раҳбарӣ дошт. Вале баъди барканории Амонуллоҳзода аз мақоми раиси Шӯрои уламо ӯ низ аз кор дар Маркази исломӣ даст кашид ва солҳои охир дар манзилаш буд. Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)