Дастури президент барои ифтитоҳи масҷиди нав дар Иди Қурбон, 4 октябр
Раиси ҷумҳури Узбакистон - Ислом Каримов 1 октябр аз маҳалли сохтмони масҷиди “Минор”, ки нақшаи сохтмони онро худаш пешниҳод кардааст, боздид намудааст.
Ба навиштаи расонаҳои Узбакистон, Ислом Каримов аз фаъолияти сохтмончиён изҳори қаноатмандӣ намуда, супориш додааст, тамоми шароит барои ибодаткунандаҳо фароҳам шавад.
Сохтмони ин масҷид 2 сол тӯл кашида ва барои 2 400 намозгузор пешбинӣ шудааст. Қарор аст, масҷиди “Минор” рӯзи Иди Қурбон, 4 октябр расман ифтитоҳ шавад.