Миллионҳо доллар “доля”-и “Бахо-шакар” ба духтари президент
Гулнора Каримова, духтари бузурги раиси ҷумҳури Узбакистон, аз ширкати Баҳодур Каримҷонов, маъруф ба “Бахо-шакар” миллион доллар “доля” гирифтааст. Дар ин бора корманди яке аз ширкатҳои мутаалиқ ба Каримҷонов ба бахши узбакии Радиои Озодӣ - “Озодлик” хабар додааст.
Ба гуфтаи ӯ, духтари райиси ҷумҳур пайваста аз ширкатҳои Баҳодур “доля” мегирифт ва танҳо аз “Музимпекс” ҳаҷми он 5-6 миллион долларро ташкил медод. “Ҳар бадбахтие, ки бар сари Баҳодур Каримҷонов омад, ба хотири доштани равобити тиҷоратӣ бо Гулнора Каримова буд”,- гуфтааст манбаи “Озодлик”.
Баҳодур Каримҷонови 39-сола, ки бозори шакари Узбакистонро дар ихтиёр дошта, соҳиби чанд корхонаи коркарди меваю сабзавот, ширкати “Coca-Cola”, дармонгоҳҳо, ширкатҳои сохтмонӣ, муассисаҳои таълимӣ будааст, соли сипаришуда ин кишварро тарк кард. Додситони кулли Узбакистон ӯро таҳти пайгарди байналмилалӣ қарор додааст. Дар робита ба қазияи “Бахо-шакар” дар Узбакистон 4 нафар зиндонӣ шуда, 8 тани дигар фирор кардаанд.
Гулнора Каримова духтари калони Ислом Каримов, райиси Узбакистон аст, ки бино ба гузоришҳо тайи 7 моҳи ахир дар ҳабси хонагӣ ба сар мебарад.