АКСУ ВИДЕО: Иди Қурбон дар Истанбул аз дурбини хабарнигори “Озодагон”
Туркия аз кишварҳоест, ки Иди Қурбонро 4 октябр таҷлил кард.
Нилуфари Карим, хабарнигори “Озодагон”, ки дар Истанбул қарор дорад, ба манзили Нигора Қосимова, як тоҷики муқими ин шаҳр рафт. Нигора тайи 8 сол аст дар Истанбул ба сар мебарад ва мегӯяд, ҳамасола аз ду иди мусалмонон - Фитр ва Азҳо ҷашн мегирад.
Ба иттилои хабарнигори “Озодагон” дар Туркия баъд аз намози ид мардон чорвоеро забҳ намуда, гӯшти онро ба дӯстону хешу табор тақдим мекунанд: “Инҷо дастурхони идона ороста намешавад, гӯшти қурбониро “хомталош” мекунанд. Кӯдакон ҳам “идгардак” намераванд”.