баргард чоп кардан

Куштори як масъули низомӣ дар ҷамоати Чоркӯҳи Исфара

Корманди масъули низомии ҷамоати Чоркӯҳи ноҳияи Исфара ба қатл расидааст.


Тавре ба «Озодагон» аз ВКД иттилоъ доданд, шаби 11-уми сентябри соли равон, тахминан соати 23:00 шахсони номаълум дар кӯчаи Сомониёни деҳаи Хоҷа Аъло, Содиқ Ашӯрови 34- сола, сокини ҷамоати Чоркӯҳ, деҳаи Хоҷа Аъло, кӯчаи Абӯалӣ Сино,  сардори мизи ҳарбии ҷамоати Чоркӯҳро лату кӯб намудаанд. Дар  натиҷа, ҷабрдида ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст. Барои муайян ва дастгир кардани ҷинояткорон чораҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ идома дорад. Феълан,  нисбати ҷинояти мазкур парвандаи ҷиноӣ бо моддаи 104, моддаи 1-и Кодекси   оғоз гардидааст. {jathumbnail off}