Шарҳи расмии марги Беҳрузи 8-сола дар Душанбе
Ҷасади Беҳрӯз Акаҷонови 8-сола, хонандаи синфи 2-и мактаби рақами 18-и Душанбе, ки 27-уми сентябр гум шуда буд, аз ҷониби як моҳигир дар дарёи Душанбе пайдо карда шудааст.
Тавре аз шӯъбаи умури дохилии ноҳияи Фирдавсӣ, имрӯз, 7-уми октябр ба “Озодагон” иттилоъ доданд, моҳигир аз дарёфти ҷасади Беҳрӯз ба мақомот рӯзи 4-уми октябр хабар додааст.
Ба иттилои манбаъ дар ҷасади Беҳрӯз осори марги маҷбурӣ ёфт нашудааст ва бар асоси фарзияи расмӣ, ӯ рӯзи 27 сентябр барои моҳигирӣ рафта, дар лой ғутидааст ва худро халос карда натавониста, ҷон додааст.
Беҳрӯз Акаҷонов рӯзи 27-уми сентябр аз наздикиҳои хонаи зисташ дар маҳаллаи «Текстил»-и ноҳия Фирдавсӣ нопадид шуда буд. Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)