Вуруди снайперҳои бесадо ба Тоҷикистон
Вазорати дифои Русия пойгоҳи низомии 201-умашро дар Тоҷикистон бо снайперҳои бесадои “Винторез” мусаллаҳ кардааст.
Тибқи иттилои ҳавзаи марказии низомии Русия силоҳи нави “Винторез” дар шароити куҳсори Тоҷикистон, ки ҳар тирпаронӣ чандин акси садо дорад, беҳамтост: “Акси садо дар шароити куҳсор эҳтимоли ошкор шудани гуруҳи кашшофиро бештар мекунад ва метавонад боиси фаромадани селу тарма шавад. Дар чунин шароит “Винторез” силоҳи мувофиқ аст.”
Муҷаҳҳазсозии пойгоҳи низомии 201-и Русия дар пасманзари хуруҷи нерӯҳои байналмилалӣ аз Афғонистон сурат гирифта истодааст. Қаблан пойгоҳи низомии 201-и Русия дар Тоҷикистон бо маҷмааи мутаҳаррики тирандозӣ маъруф ба “ПСО-Р”, дастгоҳи мушакии “Град”, дастгоҳҳои парвозкунанда ё худ ба истиллоҳ “беспилотники”-и навъи “Леер”, “Гранат”, “Застава” ва инчунин “Урал”-ҳои нав таъмин гардид.
Муҷаҳҳазсозии пойгоҳи 201-и Русия дар пасманзари хуруҷи нерӯҳои НАТО аз Афғонистон сурат гирифта, қаблан Сергей Шойгу, вазири мудофеаи Русия аз афзоиши ҳузури низомии кишвараш дар нуқтаҳои гуногуни ҷаҳон хабар дод. Ӯ аз ҷумла таъкид намуд, ки пойгоҳи 201-ум дар Тоҷикистон аз ҳайати бригадавӣ ба ҳайати дивизионӣ мегузарад. Коршиносони умури ҳарбӣ мегӯянд, гузаштан ба ҳайати дивизионӣ афзоиши теъдоди низомиёнро дар назар дорад.