Интиқоди атеист Амиршоева аз намози Ҷумъа ва пешниҳоди Аниса Собирӣ
Навиштаи Маҳбатқадам, махсус барои "Озодагон"
Гулнора Амиршоева, фаъоли ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон, ки худро атеист эълон кардааст, дар шабакаи иҷтимоии фейсбук аз намозгузории оммавӣ дар рӯзи ҷумъа интиқод намудааст, ки мунҷар ба халалдор шудани рӯзи корӣ мегардад.
Амиршоева мегӯяд, нисфирӯзҳои ҷумъа наметавонад бисёриҳоро дар ҷои кор пайдо кунад ва пешниҳод кардааст, ки “ба ҷои кӯфтани пешонаатон дар замин, беҳтар аст, ки дар кор чунин серталош бошед!”
Гарчанде бисёриҳо ин пешниҳоди Амиршоеваро нақзи ҳуқуқи диндорон арзёбӣ кардаанд, ин фаъоли ҷомеаи шаҳрвандӣ бар ин аст, ки кормандон бояд дар рӯзи корӣ дар ҷои кор бошанд.
Аниса Собирӣ, нависандаи ҷавони тоҷик барои риояи ҳаққи диндорон ва ҳам Кодекси меҳнат пешниҳод кардааст, ки танаффуси нисфирӯзӣ дар рӯзҳои ҷумъа ду соат эълон шавад. Ӯ мегӯяд, дар ҳоли ҳозир нисфирӯзи ҷумъа бисёри коргарон дар коргоҳ нестанд, пеши ҳоҷатхонаҳо навбат барои таҳорат ва дар роҳҳо танбаи мошинҳо ба вуҷуд меояд: “Бисёриҳо дар рӯзҳои ҷумъа интизор мемонанд, ки кай коргар аз намози ҷумъа бармегардад. Аксаран кормандонро одатан дар ин рӯз то соати 14:00 дар ҷои кор пайдо кардан мушкил аст. Барои он, ки гуруҳе интизор намонанду намозгузорон баҳузур, бе саросемагӣ намозашонро гузоранд, беҳтар аст, ки танаффуси нисфирӯзиро дар рӯзҳои ҷумъа аз 12 то 14:00 эълон кунанд.”
Ин нависандаи ҷавон мегӯяд, танаффуси дусоатӣ роҳи беҳтарини таъмини риояи Кодекси меҳнат ва ҳам ҳаққи диндорон аст.
Ин дар ҳолест, ки дар Тоҷикистон 99 дарсади аҳолӣ мусалмон буда, намози ҷумъа барои муслимин фарз аст. Дар мавриди кай ва чӣ гуна фарз шудани намози ҷумъа Эшони Маҳмудҷон, яке аз руҳониёни маъруфи тоҷик ба суоли корбари сомонаи хонаводагияшон чунин гуфтааст: “Дар кадом вақт фарз шудани намози ҷумъа байни уламо ихтилоф аст. Аксари уламо бар ин қавланд, ки намози ҷумъа баъд аз ҳиҷрат соли аввали он дар Маданиаи мунаввара фарз шуд ва пеш аз ҳиҷрат Паёмбар алайҳиссалом дар Маккаи мукаррама намози ҷумъа намегузориданд. Аввалин намози ҷумъае, ки Паёмбар алайҳиссалом гузоштанд дар деҳаи қабилаи бани Солим буд, ки байни Қубо ва Мадина қарор дошт.”
Ба гуфтаи Эшони Маҳмудҷон иддаи дигар аз олимон бар ин қавланд, ки намози ҷумъа пеш аз ҳиҷрат дар Маккаи мукаррама фарз шуд: “Далели эшон ривояти Байҳақӣ ва дигарон аст, ки тибқи он аввалин шахсе, ки дар Мадина бо амри Паёмбар алайҳиссалом намози ҷумъа гузошт. Ҳазрати Мусъаб Ибни Умайр буд. Паёмбар алайҳиссалом пеш аз ҳиҷрат Мусъабро аз Макка ба Мадина барои даъвати мардум равон карда буд.”
Ин руҳонии тоҷик дар идома аз қавли Ибни Раҷаб дар шарҳи Бухорӣ овардааст, ки “паёмбар алайҳиссалом саҳобагонро амр карданд, то дар Мадина намози ҷумъа гузоранд ва худи эшон дар Макка намози ҷумъа нагузоштанд ва ин далолат мекунад, ки намози ҷумъа дар Макка фарз шуда буд. Аз уламое, ки бар ин қавланд Абу Ҳомиди Исфароинии шофиӣ ва Абуяълои ҳанбалӣ мебошанд.”