баргард чоп кардан

Қотили ноболиғи 15 сола дар Исфара боздошт гардид

Тавре ба хабарнигори маҳаллии «Озодагон» дар РКД вилояти Суғд иттилоъ доданд, зимни баргузории як амалиёти вижаи ҷустуҷӯӣ оиди     қатли ноболиги 14-сола, гумонбари ҳодиса боздошт гардид.


Маълум гашт, ки ҷиноятро корманди истгоҳи роҳи оҳани шаҳри Исфара, сокини 56-солаи ҳамин маҳал- Хайрулло Бобоев содир намудааст.

Гуфта мешавад, Бобоев рӯзи 9 сентябри соли ҷорӣ, тахминан соати 01.30 нисфишабӣ  дар наздикии заминҳои ҳоҷагии деҳқонии «Истофараҳ», ноболиғ Дониёр Ҷӯраев, хонандаи синфи 8-умро бо каланди дар дасташ буда, ба сараш задааст. Дар натиҷа писарбача аз ҷароҳати ҷисмонӣ ба ҳалокат расидааст.

Ёдрас менамоем, рӯзи 9-уми сентябри соли равон дар канори роҳи мошингарди ҷамоати «Шаҳрак»-и ноҳияи Исфара ҷасади ноболиғ  дарёфт шуда, сабаби марги ӯро ташхискунандагон дар ҷароҳати қисми сар муайян карда буданд.Сараввал оиди ин ҳодиса бо моддаи 110 қисми 3 ( қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ, ки аз беэҳтиётӣ сабаби марги ҷабрдида гардида бошад)-и КҶ ҶТ парвандаи ҷиноӣ оғоз карда буданд.Прокуратура ин моддаро бекор карда, бо моддаи 104 қисми 1 (куштор)-и КҶ ҶТ парвандаи ҷиноӣ оғоз карда, тафтишот идома дорад.{jathumbnail off}