Курсии сармураббии мунтахаби наврасонро ба Зайниддин Раҳимов доданд
Зайниддин Раҳимов бо қарори Кумитаи иҷроияи Федератсияи футболи Тоҷикистон сармураббии тими миллии наврасон (U-14) таъин шуд.
Ӯ дар ин симмат Раҷаб Расуловро иваз намуд, ки баъди нокомиҳои даста дар чемпионати Осиё-2014 дар Эрон аз вазифа барканор шуд.
Зайниддин Раҳимов дар ҳоле ба курсии сармураббии тими наврасони кишвар нишаст, ки бозигарони навраси тоҷик ба даври интихобии мусобиқаи Осиё-2016 омодагӣ мебинанд.