ВИДЕО-и муроҷиати волидайн ба Шарофиддин: Писарам шукрона кун!
Волидони Шарофиддин Гадоев, узви созмони мамнуъшудаи “Гуруҳи 24” аз ӯ хостаанд, баромадҳои зиддиҳукуматиро хотима диҳаду шукронаи оромию ободӣ кунад ва ба Ватан баргардад.
Дар навори муроҷиати хонаводаи Шарофиддин Гадоев, ки ахиран дар интернет пахш шуд, Ойишамо Абдуллоева, модари Шарофиддин мегӯяд, “ту шукронаи ҳамин Ватан, зиндагии хубу хушамон кун. Ту насиҳатҳои мара, ки аз кӯдакӣ мегуфтам, ба ин хел корҳо дахолат накун куҷо кардӣ? Ҳеч вақт ба раҳи бад нарав, кори бад накун”.
Абдуллоева аз фарзандаш хостааст, дар мамлакати дигар ҳам бошад ба корҳои нағз машғул шавад ва гапҳое бизанад, ки аз кору гапҳояш модараш хурсанд шавад: “Ин гапу корҳоятро бас кун, намехоҳам аз пушти фарзанди ман хуне бирезад. Мехоҳам, дар пайи қадами Шумо гулҳо бишукуфанд. Розигӣ ва дуои маро агар хоҳӣ дар ягон ҷои ҷаҳон ба ягон кас зарар нарасон. Номи нек ними давлат аст”.
ВИДЕОИ МУРОҶИАТИ ВОЛИДАЙНИ ШАРОФИДДИН ГАДОЕВ
Мирзоалӣ Гадоев, падари Шарофиддин Гадоев низ дар ин навор қатъи фаъолияти зиддиҳукуматии ӯро талаб карда, хостааст, ба Тоҷикистон баргардад: “Зиндагӣ ҳоло дар Тоҷикистон хуб аст. Чӣ даркорай ин корҳо, ягон фоида надоранд. Фирефтаи беақлҳои дигар машав”. Қурбон Гадоев, бародари Шарофиддин Гадоев ҳам зимни баромадаш дар ин навор аз бародараш хостааст, пайрави гуруҳҳои бемаънӣ нашаваду дар фикри худ ва волидонаш бошад: “Бигузор дар дами пирӣ роҳат бинанд, ғамашон надеҳ. Баромаду гапҳои зиёдатӣ назан. Гапҳои ягон кас ва гуруҳро гӯш накун. Тинҷ бигард, ҳама ҷо ором аст”.
Шарофиддин Гадоев, узви созмони мамнуъшудаи “Гуруҳи 24” мебошад, ки бо баромадҳои зиддиҳукуматияш дар шабакаи интернет маъруф аст. Ӯ қаблан бо дархости мақомоти тоҷик дар Испания боздошт шуда буд, вале додгоҳ истирдодашро ба Тоҷикистон рад карда, озодаш намуд. Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)