Илҳом Алиев 15-уми октябр вориди Душанбе мешавад
Илҳом Алиев, раисиҷумҳури Озарбойҷон рӯзи 15-уми октябр бо як сафари расмии дурӯза вориди Душанбе мешавад.
Тибқи иттилои дафтари матбуоти Вазорати умури хориҷӣ сафари расмии Алиев рӯзҳои 15-16 октябри соли ҷорӣ сурат хоҳад гирифт.
Ин ниҳод мегӯяд, рӯзноманигорони дохилию хориҷие, ки нияти инъикоси ин сафарро доранд, метавонанд то соати 16:00-и 14 октябр аз қайди Вазорат гузаранд.