Донишманди тоҷик: Ба ҳарзаи хоинонаи бархе ки форсиро "хати ъарабӣ" мегӯянд, бовар накунед
Сафар Абдуллоҳ, пажуҳишгари шинохтаи тоҷик, ки дар Қазоқистон ба сар мебарад, гуфтааст, бо барномарезии дақиқ давоми даҳ-понздаҳ сол бояд ба хати форсӣ баргардем.
Ӯ дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук навиштааст, хати русӣ аз ҷониби коммунистон таҳмил шуд ва он наметавонад хусусиёти забони форсиро ифода кунад. Оқои Абдуллоҳ хати форсиро ҳамчун хати миллӣ талаққӣ карда, ба мухолифони бозгашт ба хатти форсӣ гуфтааст: “Ҳамаи касоне ки имрӯз барои эҳёи хати миллии мо мухолифат мекунанд ё дарки ин масъаларо надоранд ва ё огоҳона ба пешрафти кишвари мо-Тоҷикистон, монеъа эҷод мекунанд ё ба ҳарзаҳои амсоли "саросар босавод" будану дубора "бесавод шудан" бовар кардаанд. Масъала ин аст, ки хати ба истилоҳ ниёкони мо барои мо тоҷикон хати миллӣ аст. Ва ба ҳарзаи хоинона ва ё ноогоҳонаи бархе ки онро "хати ъарабӣ" ва аз мо бегона мегӯянд, набояд бовар кард”.
Дар идома ин донишманди тоҷик меафзояд: “Таърихи мо дар садаи охир нишон дод, ки ин гусастагӣ бо ниёконамон моро ҳамеша "хории мудом" дода аст! Ҳамаи бадбахтиҳое, ки ба сари мардуми мо омад ва худношиносоиҳоямон низ марбут ба ноогоҳӣ ва қатъи робита бо ниёконамон ва бо таърихи пуршукуҳамон буда аст! Эҳёи хат моро бо ниёконамон мепайвандад, моро ба худшиносӣ раҳнамун мекунад, муъоширати фарҳангӣ бо ҳамзабононамон (бо садҳо милюн!) порсигӯён ва порсидононро таъмин мекунад, бароямон садҳо ҷилд китобе, ки аз ҳама забонҳо ба забони мо тарҷума шуда ва бо хати миллӣ дар Теҳрону Кобул ва тамоми ҷаҳон интишор шуда аст, дастрас мегардад”.
Сафар Абдуллоҳ бозгашт ба хати форсиро пайвастан ба гузашта дониста таъкид мекунад, эҳёи ин хат тоҷиконро ба ҷамъи порсизабонон мепайвандад: “Пас бояд ба хотири пешрафт ва шукуфоии кишварамон ва миллатамон, ба хотири шарик ва саҳим мондан дар мероси гаронсанги забони порсӣ ва фарҳанги чандҳазорсолаи эронӣ,бояд дасти якдигарро бигирем ва ин беадолатие, ки дар садаи охир бо забони мо,ки зомини зинда мондани мо ҳамчун як миллати муазами порсизабон буда аст, ислоҳ кунем! Ҳоло кор ба ҷое расидааст, ки чун мо хати форсиро аз даст додем ва номи забонамонро дигар кардем, афроде моро бо он муттаҳам мекунанд, ки мо мехоҳем мероси порсизабононро моли худ бикунем. Биёед ба чунин душманон имкон ва баҳонае надиҳем ва хатамонро эҳё бикунем!”
Баҳси мухолифону тарафдорони хати форсӣ чанд сол аст дар шабакаи иҷтимои Фесбук доғ боқӣ мондааст. Чанд ҳафта пеш Фирдавс Ниёзӣ, корманди Академияи улуми Тоҷикистон бо нашри матлабе дар рӯзномаи “Ҷумҳурият”, рӯзномаи расмии Тоҷикистон, ба шиддат аз тарафдорони эҳёи хати форсӣ интиқод карда ва онро сабаби бесаводии мардум хонда буд. Ин матлаб дар саҳифаи иҷтимои Фесбук баҳсҳоеро ба вуҷуд овард. Дорюш Раҷабиён, як тан аз тарафдорони эҳёи хати форсӣ ба ин матлаби “Ҷумҳурият” посух навишт ва иддаоҳои муаллифро инкор кард. Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)