Дастури доктор Абдуллоҳ барои боздошти муаллифони “Исломи Толибон ва ДИИШ”
Доктор Абдуллоҳ Абдуллоҳ, раиси иҷроии ҳукумати ваҳдати милии Афғонистон хостори боздошт ва ба маҳкама кашидани ноширони матлаби “Исломи Толибон ва ДИИШ (Давлати исломӣ дар Ироқ ва Шом)”-и “The Afghan Express” шудааст.
Абдуллоҳ дар ҷаласаи Шӯрои вазирони Афғонистон нашри ин матлабро тавҳин ба дину ойини мусулмонон дониста, онро маҳкум карда аст. Ӯ гуфтааст, ҳарчанд Сарқонуни Афғонистон ба озодии баён иҷоза медиҳад, вале ба арзишҳои динӣ бояд эҳтиром гузошт. Инчунин доктор Абдуллоҳ аз вазири кунунии иттилоот ва фарҳанги Афғонистон тавзеҳи нашри чунин як мақола дар нашрияҳои кишварашро талаб карда, аз вазорати умури дохилӣ хостааст, дастандаркорони ин қазия боздошт ва ба маҳкама кашида шаванд.
Дар нашрияи “The Afghan Express” матлабе таҳти унвони “Исломи Толибон ва ДИИШ (Давлати исломӣ дар Ироқ ва Шом)” нашр шудааст, ки гуфта мешавад, ба арзишҳои исломӣ тавҳин шуда, Қуръони карим, китоби муқаддаси мусулмонон “новели куҳна ва хастакунанда” хонда шудааст.