24 соат нерӯи барқи Данғара ва ташаккури президент ба "Барқи тоҷик"
Содироти нерӯи барқи Тоҷикистон ба Афғонистон бо вуҷуди фаро расидани фасли зимистону пойин рафтани сатҳи оби обанборҳо ва ҷорӣ шудани маҳдудияти интиқоли барқ ба сокинонаш идома дорад.
Ашраф Ғанӣ Аҳмадзай, раисҷумҳури Афғонистон аз тасмими мақомоти Тоҷикистон барои идомаи содироти нерӯи барқ ба ин кишвар бо вуҷуди фарорасии фасли сармо истиқбол карда, сипосгузорӣ кардааст. Ба иттилои дафтари матбуоти раёсатҷумҳурии Афғонистон, ин миннатдориро Ашраф Ғанӣ Аҳмадзай дар дидори худ бо Шарофиддин Имомов, сафири Тоҷикистон дар Афғонистон асри рӯзи 20 октябр дар шаҳри Кобул изҳор доштааст.
Манбаъ мегӯяд, Аҳмадзай бо миннатдорӣ аз идома ёфтани содироти барқи Тоҷикистон ба Афғонистон гуфтааст, дар ояндаи наздик ин ду кишвари ҳамҷавор дар баробари шарикони дигари худ ба давлатҳои содиркунандаи нерӯи барқ табдил хоҳанд шуд. Ҷонибҳо дар ин вохурӣ густариши равобити Тоҷикистону Афғонистон дар соҳаи нақлиёт, нерӯи барқ ва сохтмони роҳи оҳанро ҳам ба баҳс кашидаанд.
Ташаккури Аҳмадзай аз Душанбе барои таъмини афғонҳо бо нерӯи барқ дар фасли сармо дар ҳолест, ки имсол дар Тоҷикистон 26 рӯз қабл – 1 октябр “лимит” ё худ маҳдудияти интиқоли нерӯи барқ ба сокинони шаҳру навоҳӣ ҷорӣ гардид. Соли гузашта он 26 октябр оғоз шуда буд.
Ширкати “Барқи тоҷик”, ниҳоди идора ва назораткунандаи нерӯи барқ дар Тоҷикистон далели ҷорӣ шудани “лимит”-ро ба паст шудани ҳарорати ҳаво ва пойин рафтани маҷрои оби дарёи Вахш рабт дода, гуфт, “қисман маҳдуд намудани интиқоли нерӯи барқ ба он вобаста мебошад, ки ҳар қадар ки имрӯз сатҳи обанбор дар нуқтаи баланд нигоҳ дошта шавад, таъминоти мардум ва хоҷагии халқи кишвар дар фасли зимистон хубтар ҷараён хоҳад гирифт. Вобаста ба ин, аз 1 октябр сар карда, дар қаламрави кишвар интиқоли нерӯи барқ қисман маҳдуд карда мешавад”.
Дар ҳамин ҳол, торнамои “barknest.tj” навиштааст, сокинони беш аз 35 ноҳияи Тоҷикистон дар рӯзҳои охир аз 5 то 8 соат дар як шабонарӯз нерӯи барқ доштаанд. Бар асоси ҷадвали “barknest.tj”, ки таъмини нерӯи барқ дар қаламрави Тоҷикистонро назорат мекунад, ноҳияҳои Файзобод, Ҳисор, Роғун, Рӯдакӣ, Тоҷикобод, Ашт, Мастчоҳи куҳӣ, Спитамен, Фархор, Темурмалик, Вахш, Восеъ, Қубодиён ва Қумсангир аз 5,30 то 6 соат ва навоҳии Нӯробод, Шаҳринав, Бобоҷон Ғафуров, Исфара, Панҷакент, Ҳамадонӣ, Ҷиликул, Абдураҳмони Ҷомӣ, Муминобод ва Носири Хусрав аз 7 то 7,30 соат, ноҳияи Рашт, Айнӣ, Ваҳдат, Истаравшан, Ҷаббор Расулов, Шаҳристон, Балҷувон, Ховалинг, Ҷалолиддини Румӣ, Шӯробод ва Мурғоб аз 8 то 8,30 ва шаҳри Кӯлоб, Данғара, Сарбанд, навоҳии вилояти Бадахшон ба ҷуз Мурғоб дар як шабонарӯз, дақиқтараш, рӯзи 20 октябри соли равон 24 соат нерӯи барқ гирифтаанд.
Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)