Ифшои 25 ҳолати хешутаборбозии мансабдорон: Президент чӣ?
Оҷонсии мубориза бо фасоди Тоҷикистон аз аввали сол дар ниҳодҳои давлатӣ 25 ҳолати хештаборбозӣ ё худ, хизмати якҷоя ё таъини ғайриқонунии хешовандонро ба вазифаҳои давлатӣ ошкор кардааст.
Ин ниҳод бо такя ба моддаи 9-и қонуни Тоҷикистон “Дар бораи мубориза бо коррупсия” таъкид мекунад, ки хизмати якҷоя ё таъини хешовандони наздик ба вазифаҳои давлатие, ки ба ҳамдигар тобеъ ё ҳисоботдиҳанда мебошанд, манъ аст. Оҷонсии мубориза бо фасод меафзояд, 25 ҳолати нақзи ин талаботро тайи соли равон ошкор кардаанд, ки аз ин 6 ҳолат аз ҷониби раёсати Оҷонсӣ дар вилояти Суғд, 3 ҳолат дар Хатлон, 5 ҳолат аз ҷониби раёсат дар шаҳри Душанбе ва 11 ҳолат аз ҷониби Раёсати пешгирии коррупсияи Оҷонсии мубориза бо фасод ошкор шудааст.
Соли гузашта аз ифшои 19 ҳолати фаъолияти якҷояи хешутаборон дар як ниҳод хабар дода шуда буд, ки бар асоси қонунгузории кишвар ҳолати мусоидаткунанда ба ҷиноятҳои коррупсионӣ маҳсуб меёбад.
Фаттоҳ Саидов, раиси Оҷонсии мубориза зидди фасоди молӣ дар Тоҷикистон, қаблан дар робита ба ин мавзуъ изҳор дошт, ки “агар дар як сохтор ман кор кунам, наздиконам наметавонанд, зердасти ман бошанд.”
Аммо дар мавриди хизмати якҷояи Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон ва писараш -- Рустами Эмомалӣ, сардори Хадамоти гумрук, ки аввалӣ раиси ҳукумат асту дувумӣ тобеи бевоситааш мебошад, раиси Оҷонсии зидди фасод гуфт, ин дар доираи қонун аст.
Ин дар ҳолест, ки мунтақидони Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷмуҳури Тоҷикистон, ки беш аз бист сол боз зимоми қудрат дар кишварро дар даст дорад, аз зиёд шудани наздикони раисиҷумҳур дар вазифаҳои давлатӣ шикоят доранд. Ҳоло ду фарзанди ӯ -- Рустами Эмомалӣ ва Озодаи Раҳмон ба ҳайси раиси Кумитаи гумрук ва муовини аввали вазири умури хориҷӣ кор мекунанд. Домоди раисиҷумҳур -- Ҷамолиддин Нуралиев ноиби аввали вазири молия буда, ширкати пулчинаки IRS дар роҳи Душанбе – Чаноқ низ ба ӯ марбут дониста мешавад. Иттилое, ки худи ӯ борҳо рад кардааст.
Ахиран Амируллоҳ Холов, додарарӯси оқои Раҳмон шаҳрдори Қӯрғонтеппа таъин шуда, бародаронаш Ҳасан Асадуллозода раҳбарии “Ориёнбонк” ва Амонуллоҳ Саъдуллоев раёсати бахши фурӯши барқ дар ширкати "Барқи тоҷик"-ро бар уҳда доранд.