Панҷ голи “Истиқлол” ба дарвозаи тими Панҷ
Якшанбеи 26 октябр аввалин бозиҳои даври ниманиҳойии Ҷоми Тоҷикистон оид ба футбол баргузор шуд.
“Истиқлол”-и Душанбе ва “Хайр”-и Ваҳдат дар майдонҳои худ рақибонашонро шикаст доданд. Аввалӣ ба дарвозаи “Саройкамар”-и Панҷ панҷ голи беҷавоб зад ва дуюмӣ “Регар-ТадАЗ”-ро бо ҳисоби 1:0 шикаст дод.