Ҳушдори Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда дар арафаи барфи аввал
Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон дар пайи пешгӯии бодуҳавои номуътадил аз шаҳрвандону меҳмонони кишвар хостааст, рӯзҳои 27-28-уми октябр аз рафтуомад дар роҳҳои хатарноку сафар ба навоҳии куҳию саҳроҳо худдорӣ кунанд.
Тибқи иттилои обуҳавошиносони тоҷик 27-28-уми октябр дар Тоҷикистон ва аз ҷумла дар шаҳри Душанбе ҳавои номуътадил дар назар буда, боришоти борон сурат хоҳад гирифт. Онҳо таъкид мекунанд, ки эҳтимол 28-уми октябр дар Душанбе барфи аввал резад.
Ин дар ҳолест, ки даҳаи аввали моҳи равон дар пайи боришоти борон ва сангфароӣ дар минтақаи Нурободу Роғун 4 нафар ба ҳалокат расида буданд.