Талаби истеъфои Сайфуллоева барои наомадан ба “ҷаласаҳои шабона”-и Раис
Адолат Сайфуллоева, хабарнигори тоҷик ва сардабири ҳафтаномаи "Тахти Қубод" дар ҷануби Тоҷикистон мегӯяд, раҳбарияти Қубодиён, аз ҷумла раиси ноҳия Саъдулло Бекназарзода бо ӯ дағалона рафтор намуда, таҳти фишор истеъфои ӯро талаб дорад.
Хонум Сайфуллоева рӯзи 29 октябр дар суҳбат бо “Озодагон” гуфт, Саъдулло Бекназарзода, раиси ноҳияи Қубодиён аз ӯ талаб дорад, аз сардабирии ҳафтаномаи "Тахти Қубод" истеъфо диҳад ва далелро дар он гуфтааст, ки фарзандони бародари шавҳари хабарнигор ба хидмати ҳарбӣ нарафтаанд.
Ба гуфтаи Сайфуллоева инчунин Абдумаҷид Одинаев, раиси дастгоҳи ҳукумати маҳаллии Қубодиён низ аз рӯзноманигори тоҷик хостааст, аризаи истеъфояшро бо мазмуни ин ки худаш аз кор меравад, пешниҳод кунад: “Аз ман талаб доранд, ариза нависам, ки худам аз ҷои кор меравам. Раис маро дар он айбдор мекунад, ки чаро писарони бародари шавҳарам ба хидмати ҳарбӣ намераванд ва инро асос карда, маро аз ҷои корам пеш намуда истодааст. Дар ҳоле ки мақомоти додгоҳию додситонӣ фаъолият менамояду шуъбаи умури дохилӣ ва комисариати ҳарбӣ низ ҳаст. Бигзор фарзанди касе намеравад, худи онҳо ҷавоб диҳанд, ман, ки бо онҳо зиндагии муштарак надорам.”
Ин рӯзноманигори тоҷик мегӯяд, омили дигари талаби истеъфояш наомадани ӯ ба ҷаласаҳои шабонаи раиси ноҳия низ ҳаст. Чун ба гуфтаи Сайфуллоева, қаблан низ ба хотири наомадан ба ин гуна ҷаласаҳои Бекназарзода аз сӯи ӯ миёни мардум мавриди таҳқир қарор мегирад: "Маро гуфт, "ТУР" хабарнигор! “Тур”-е узбакҳо ба саг ё дигар ҳайвонот мегӯянд. Албатта ин ҳама ба хотири наомаданам ба ҷаласаҳои шабона мебошад. Бо вуҷуди он, ки ба худи раис тавассути нома фаҳмондем, ки мо зан ҳастему вазъияти оилавиамонро ба назар гирифта аз иштирок дар ҷаласаҳои шабона озод кунед, аммо дар ҷавоб шунидем, “Шумо боз кӣ ҳастед, ки ба ман қонуну соати кориро мефаҳмонед.”
Адолат Сайфуллоева, ки маъруф ба “Адолати Ҳақҷӯ” аст, яке аз рӯзноманигорони маҳаллии ноҳияи Қубодиён ба шумор рафта, беш аз шаш моҳ мешавад, ба ҳайси сардабири "Тахти Қубод" кор мекунад. Ӯ дар гузашта дар ҳафтаномаҳои “Фараж”, “Овоза ва ҳақиқат” ва “Ҷомеа” низ кор кардааст.