Ҳалокати духтарчаи синфи 4 дар роҳи “Корвон”
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, ронандаи 50-сола аз шаҳри Душанбе дар роҳи бозори “Корвон” як духтарчаи 11-соларо пахш намудааст.
Тибқи иттилои ин ниҳод ронанда Ҳусейнов Мурод ҳангоми ҳаракат аз бозори “Корвон” ба самти дидбонгоҳи Чимтеппа, аз уҳдаи идораи мошини ВАЗ-2106-аш набаромада, пиёдагарди ноболиғ Таманои Илҳомҷон, хонандаи синфи 4-уми литсеи №6-и шаҳри Душанберо пахш намудааст.
Манбаъ мегӯяд, дар натиҷа ноболиғ ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.