Сокини шаҳри Душанбе дар халтаи биринҷ таппонча ёфтааст
Мақомоти пулиси Тоҷикистон мегӯянд, Шарипов Амонуллоҳ, як сокини 39-солаи шаҳри Душанбе дар манзили зисти муваққатияш дар Хуҷанд як таппончаи “Макаров”-и коршоямро ёфтааст.
Манбаъ мегӯяд, Шарипов аз бозёфташ-таппончаи тамғаи “Макаров”, силсилаи ИВ 2174 А, бе нишондоди соли барориш ва 5-дона тир ба мақомоти пулис хабар дода, силоҳро ба мақомот супоридааст.
Мақомоти пулис зимни тафтиши ин қазия ба гумони ғайриқонунӣ нигоҳ доштани силоҳ шаҳрванд Саидов Исмоилҷон, соли таваллудаш 1979-ро дастгир кардаанд: “Муайян шудааст, ки номбурда силоҳи мазкурро соли 2008 дар шаҳри Норак аз “Ҷумъа” ном шахс дастрас намудааст.”
Ба иттилои манбаъ нисбати далели мазкур парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.