Раҳойии яке аз ду вакили боздоштшудаи Зайд Саидов
Фахриддин Зокиров, вакили мудофеи соҳибкори зиндонӣ - Зайд Саидов бар асоси қонуни афв озод шудааст.
Наздикони Зокиров мегӯянд, ӯ баъд аз зуҳри рӯзи 3 ноябр раҳо шудааст. Фахриддин Зокиров шаби 6 марти соли ҷорӣ аз сӯи кормандони Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия боздошт ва алайҳи ӯ тибқи моддаи 247 (қаллобӣ)-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон парванда боз шуд. Раҳойии оқои Зокиров дар ҳолест, ки як вакили мудофеи дигари Зайд Саидов – Шуҳрат Қудратов ҳам пушти панҷарааст. Ӯ 21 июл аз ҷониби кормандони Оҷонсии мубориза бо фасод бо иттиҳоми додани пора боздошт гардид. Феълан маълум нест, ӯ низ тибқи қонуни афв озод мешавад ё на. Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)